бепарво — [بي پروا] 1. беғам, фориғбол, холабеғам, мусоҳилакор; бемайлу рағбат, лоқайд 2. беэътино, беэътибор; бепарво будан парво надоштан, ташвиш накашидан, хотирҷамъ будан, лоқайд будан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бепарвоӣ — [بي پروائي] 1. беғамӣ, фориғболӣ, холабеғамӣ 2. саҳлгирӣ, бемасъулиятӣ (дар иҷрои коре): бепарвоӣ кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
абрӯ — (абрӯй) [ابرو // ابروي] хати камоншакли мӯйҳо, ки дар болои чашм қарор дорад; абрӯи каҷи дунболадор абрӯи хамида ва дароз; абрӯи мушкин абрӯи сиёҳи ғафс; абрӯи пайваст(а) абрӯи бо ҳам пайваста ◊ теғи абрӯ абрӯи дилрабои маҳбуба; абрӯ ба ҳам… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беғамона — [بي غمانه] фориғ аз ғаму ғусса; бепарвоёна, фориғболона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бедард — [بي درد] 1. он ки дарду беморие надорад, солим 2. б еозор, дард накунонда 3. маҷ. касе, ки ғаму алам надорад; беғаму бепарво ◊ бедарди миён бидуни меҳнат, осонакак, муфт, ройгон (мас., пули бедарди миён пули муфт бадастомада) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бедардӣ — [بي دردي] 1. бедард будан, дард надоштан 2. маҷ. беғамӣ, бепарвоӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бедиққат — [بي دقّت] он ки ба иҷрои коре нағз диққат намекунад, сарсарӣ, бепарво, бетаваҷҷӯҳ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бедиққатӣ — [بي دقّتي] бедиққат будан, бепарвоӣ, беэътиноӣ, бетаваҷҷӯҳӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беқайд — [بي قيد] 1. лоқайд, бепарво, беэътино (нисбат ба расму одатҳо ва тартиботи зиндагии иҷтимоӣ) 2. қайднашуда, сабтнагардида; ба расмият надароварда: никоҳи беқайд … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
беқайдӣ — [بي قيدي] беқайд будан, лоқайдӣ, ба ҳар чиз бепарво нигаристан ва муомила кардан, озод будан аз тааллуқоти дунё, лоуболӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ